Декабр 12, 2016 19:51 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Амнияти Ироқ амнияти Эрон аст

Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Эрон барои барқарории суботу амният дар Ироқ талош мекунад.

Ба гузориши ИСНА, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон рӯзи душанбе дар дидор бо Аммор Ҳаким, раиси Маҷлиси аъло ва Эътилофи миллии шиаёни Ироқ дар Теҳрон муваффақиятҳои сиёсӣ ва низомии ҳукумат, мардум, ҳама гурӯҳҳо ва қавмҳои ироқиро бисёр арзишманд дониста афзуд, иқдоми Эътилофи миллии шиаён дар ироаи тарҳи оштии миллӣ бисёр арзанда ва барои ояндаи сиёсии Ироқ бисёр муҳим аст. Муҳаммадҷаводи Зариф таъкид кард, Созмони Милали Муттаҳид ҳам тарҳи ошти миллии Ироқро тарҳи маъқул ва матлубе медонад, ки ин мавзӯъ дастоварди муҳим аст. Ӯ ҳамчунин равобити Эрону Ироқро бисёр хуб тавсиф ва таъкид кард, ин равобит бояд ба шакле аз равобит дар минтақа табдил шавад.

Аммор Ҳаким, раиси Маҷлиси аъло ва Эътилофи миллии шиаёни Ироқ ҳам дар ин дидор бо ироаи гузорише аз шароити феълии кишвараш дар саҳнаҳои майдонӣ ва сиёсӣ аз ҳимоятҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз миллату Ҳукумати Ироқ қадрдонӣ кард.

 

Барчасп