Сардор Сулаймонӣ ; қаҳрамони ҷаҳонии мубориза бо тероризм
(last modified Tue, 03 Jan 2023 05:10:32 GMT )
Январ 03, 2023 10:10 Asia/Dushanbe
  • Сардор Сулаймонӣ ; қаҳрамони ҷаҳонии мубориза бо тероризм

Имрӯз сешанбе сеюми январи 2023 мусодиф бо 13 даймоҳи 1401 ҳиҷрии шамсӣ, солрӯзи шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ- фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва рӯзи ҷаҳонии муқовимат аст .

Сардори сипаҳбуд  Қосими Сулаймонӣ- фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ сеюми январи 2020 дар ҳоле кӣ ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, дар ҳамлаи ҳавоии неруҳои мутаҷовизу терруристи Амрико наздики фурудгоҳи Бағдод ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис-нойиби раиси басиҷи мардумии Ироқ ва 8 нафар аз ҳамроҳонаш ба шаҳодат расид.
Шаҳид Сулаймонӣ- " сайидуш-шуҳадои муқовимат " дар тӯли умри бобаракати худ ба унвони фармондеҳи сипоҳи ислом бидуни тавваҷуҳ ба миллиятҳо барои эътилои Ислому Қуръони Карим дар роҳи ҳимоят аз миллатҳои мазлӯм талош кард .
Ин шаҳиди воломақом ба унвони фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ нақши муҳимме дар нобудии гуруҳи террористии ДИИШ дар Ироқ ва Сурия дошт ва дар солҳои мутамодӣ бо сомондеҳии неруҳои басиҷи мардумӣ дар ин кишварҳо, оромишу амниятро ба мардум ҳадя кард .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари муаззами инқилоби исломӣ пас аз шаҳодати сардор Сулаймонӣ дар паёме фармуданд : Солҳо муҷоҳидати мухлисонаву шуҷоъона дар майдонҳои мубориза бо шаётину ашрори олам ва солҳо орзӯи шаҳодат дар роҳи Худо, саранҷом Сулаймонии азизро ба ин мақоми воло расонид ва хуни поки ӯ ба дасти шақитарин оҳоди башар бар замин рехт .
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни инки шаҳид Сулаймонӣ чеҳраи байналмиллалии муқовимат аст ва ҳамаи дилбастагони муқовимат хунхоҳи ӯ ҳастанд, афзуданд : Ҳамаи дӯстон ва низ ҳамаи душманон бидонанд хати ҷиҳоди муқовимат бо ангезаи музоъаф идома хоҳад ёфт ва пирӯзии қатъӣ дар интизори муҷоҳидони ин роҳи муборак аст .