Январ 03, 2023 15:14 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии донишгоҳи Теҳрон барои пазириши донишҷӯёни духтари афғонистонӣ

Донишгоҳи Теҳрон барои пазириши донишҷӯёни духтари афғонистонии бозмонда аз таҳсил эъломи омодагӣ кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Сайиди Муҳаммади Муқимӣ-раиси донишгоҳи Теҳрон рӯзи сешанбе дар маросими гирдиҳамоии донишҷӯёни афғонистонии донишгоҳи Теҳрон дар ташреҳи иқдомоти ин донишгоҳ барои донишҷӯёни афғонистонӣ дар як соли ахир, гуфт : Бо тавваҷуҳ ба тасмими ахири давлати Толибон дар мамониат аз ҳузури донишҷӯёни духтар дар донишгоҳҳои Афғонистон  ҳафтаи гузашта ҳайати раисаи Донишгоҳи Теҳрон тасвиб кард то имконоти вижаеро барои духтарони донишҷӯи афғонистонӣ, ки дар ҳоли ҳозир донишҷӯи донишгоҳи Теҳрон ҳастанд ё дар оянда дар ин донишгоҳ пазириш мешаванд, ихтисос ёбад .
Муқимӣ хитоб ба донишҷӯёни афғонистонӣ афзуд : Ислом барои таълиму тааллуми зану мард арзиши вижае қоил аст; зимни инки барои илмомӯзӣ он ҳам илме, ки ба сӯии тамаддунсозии исломӣ раҳнамун шавад, ҳадде вуҷуд надорад .Раиси донишгоҳи Теҳрон тасреҳ кард : Ончӣ дар Афғонистон таҳти унвони мамониат аз таҳсили донишҷӯёни духтар ба иллати риоят накардани масоили шаръӣ рух додааст, ниёзманди воковии олимона ва гуфтугӯйи наққодона аст .
Вазорати таҳсилоти олии давлати Толибони Афғонистон ба донишгоҳҳои хусӯсӣ ва давлатии ин кишвар дастур додааст, ки таҳсили духтарони афғонистониро ба ҳолати таълиқ дар оваранд .
Мамнӯъияти таҳсилоти олӣ барои духтарони афғонистонӣ аз сӯи ҳукӯмати Толибон камтар аз се моҳ пас аз он сӯрат мегирад, ки ҳазорон духтару зан дар саросари Афғонистон дар имтиҳоноти вурӯдии донишгоҳ ширкат карданд ва бисёре аз онҳо орзӯ доштанд бо таҳсил дар риштаҳои мавриди алоқа ба кишвари худ дар арсаҳои мухталиф ҳамчун пизишкӣ хизмат кунанд .

 

Барчасп