Январ 07, 2023 18:20 Asia/Dushanbe
  • Ҷобаҷоии беш аз як миллион тон коло аз бандари уқёнусии Чобаҳор

Раиси Идораи ҳамлу нақли колои идораи кулли роҳдорӣ ва ҳамлу нақли ҷодаии ҷануби устони Систон ва Балучистон аз ҷобаҷоии як миллиону 162 ҳазору 981 тон коло аз бандари уқёнусии Чобаҳор дар 9 моҳи гузашта хабар дод.

Бандари Чобаҳор дар устони Систон ва Балучистон, танҳо бандари уқёнусии Эрон аст, ки дар каронаи дарёии Макрон ва Уқёнуси Ҳинд қарор дорад. Бандари чобаҳор ба сабаби мавқеъияти роҳбурдӣ ва наздиктарин роҳи дастрасии кишварҳои маҳсӯр дар хушкии Осиёи Марказӣ ҳамчун Афғонистон, Туркманистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистону Қазоқистон ба обҳои озод аз аҳаммияти вижае бархӯрдор аст.

Меҳруллоҳ Домуғ, раиси Идораи ҳамлу нақли колои идораи кулли роҳдорӣ ва ҳамлу нақли ҷодаии ҷануби устони Систон ва Балӯчистон, ҷануби шарқи Эрон, афзуд, умдаи маҳсӯлоти ҷобаҷо шудаи гандум, биринҷ, зуррат ва ҷав будааст. Раиси Идораи ҳамлу нақли колои идораи кулли роҳдорӣ ва ҳамлу нақли ҷодаии ҷануби Систон ва Балӯчистон бо ишора ба аҳамияти бандари Чобаҳор гуфт, ин бандари стротежии кишвар бо таваҷҷӯҳ ба мавқеъият ва ҷойгоҳи вижаи иттисол ба обҳои озод ва Уқёнуси Ҳинд яке аз беҳтарин банодири муҳими Эрон барои вуруди анвоъи колоҳои асосӣ маҳсуб мешавад.

 

Барчасп