Эрон беҳтарин кишвар барои паноҳандагон
Раиси дафтари Комиссариати олии Созмони милал дар умури паноҳандагон гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон беҳтарин ва амнтарин кишвар барои паноҳандагон дар ҷаҳон аст.
Туши Тсуку Ковочи, раиси дафтари Комиссариати олии Созмони милал дар умури паноҳандагон, мустақар дар Машҳад (шимоли шарқи Эрон), рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА афзуд, бо тавваҷуҳ ба буҳрон дар минтақа, Эрон ба хубӣ паноҳҷуёнро паноҳ медиҳаду аз онон муҳофизат мекунад.
Вай таъкид кард, Эрон хадамоти зиёдеро дар муддатҳои тӯлонӣ ба паноҳандагон ироа медиҳад ва ин коре арзишӣ ва мондагор барои ҷаҳониён аст.
Бар асоси омори Созмони милал, Эрон бо мизбонӣ аз се миллион паноҳанда, яке аз 10 кишвари аввали пазирандаи муҳоҷирону паноҳандагон дар ҷаҳон аст.