Декабр 13, 2016 17:29 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба нақзи БАРҶОМ аз сӯи Амрико

Дар паи нақзи БАРҶОМ аз тарафи Амрико, раисҷумҳури исломии Эрон дастурҳоеро барои иҷрои роҳкорҳои пешбинишуда дар БАРҶОМ содир кард.  

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон рӯзи сешанбе дар номае ба Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дастур дод, роҳкорҳои пешбинишуда дар БАРҶОМ барои расидагӣ ба мавориди нақзро иҷро ва дигар пайгардҳои ҳуқуқӣ ва байналмилалии лозимро низ батаври ҷиддӣ дунбол кунад.     

Ин дастур бо таваҷҷуҳ ба тааллули давлати Амрико дар иҷрои тааҳҳудоти худ дар БАРҶОМ ва бо таваҷҷуҳ ба тамдиди ахири қонуни таҳримҳои Эрон (ISA), ки Эрон аз пеш чунин иқдомеро баунвони нақзи БАРҶОМ эълом карда буд, содир шудааст.

Рӯҳонӣ ҳамчунин дар номаи дигаре ба Алӣ Акбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон дастур дод, ин созмон дар тавсеаи барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон дар тааҳҳудоти ҷумҳурии исломӣ, бо ҳамкории марокизи илмӣ ва пажуҳишӣ иқдомоте чун барномарезӣ барои тарроҳӣ ва сохти пешрони ҳастаии мавриди истифода дар ҳавзаи ҳамлу нақли дарёӣ ва мутолеа ва тарроҳии тавлиди сӯхти масрафии пешрони ҳастаиро иҷро кунад.

Сенати Амрико ахиран мусаввабаи Маҷлиси намояндагони Амрико дар бораи тамдиди 10 солаи “Қонуни таҳрими Эрон” мавсум ба ISA-ро бо 99 раъйи мувофиқ ва бидуни ҳеч раъйи мухолиф тасвиб кард ва ба ин тартиб, Конгресси Амрико ба идомаи таҳримҳои Эрон то соли 2026 раъй дод.      

 

Барчасп