Омодагии Бонки марказии Эрон барои тавсеаи муносиботи пулӣ ва бонкӣ бо Русия
Раиси кулли Бонки марказии Эрон бар пайгирии иҷрои мавзӯъоти санади иқдоми муштараки бонкҳои марказии Эрону Русия барои тавсеаи муносиботи пулӣ ва бонкӣ таъкид кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Муҳаммадризои Фарзин-раиси кули Бонки марказии Эрон рӯзи сешанбе дар дидори Игор Левитин, дастёри раиси ҷумҳурии Русия ва ҳайати ҳамроҳаш дар Теҳрон тақвияти беш аз пеши ҳамкориҳои пулӣ ва бонкӣ миёни Эрону Русияро муҳим арзёбӣ кард ва гуфт : Бонки марказии Эрон омодагӣ дорад муносиботи пулӣ ва бонкии дуҷониба бо Русия ва ҳамчунин кишварҳои дусту ҳамсояро дар сатҳи боло, ки муҷиби афзоиши мубодилоти иқтисодӣ ва тиҷориро фароҳам кунад, афзоиш диҳад. Раиси кулли Бонки марказии Эрон ҳамчунин бо ишора ба зарфиятҳои мухталифи ҳамкориҳои Эрону Русия дар ҳавзаҳои пулӣ ва бонкӣ, иқтисодӣ, умронӣ ва тиҷорӣ афзуд : Тавсеаи муносиботи ду кишвар бар пояи иҷрои мавзӯъоти санади иқдоми муштараки бонкҳои марказии Эрону Русия чашмандози иқтисодии равшанеро барои ду кишвар муайян мекунад .
Бар асоси ин гузориш Игор Левитин, дастёри Владимир Путин-раиси ҷумҳурии Русия низ бо баршумурдани мавзӯъоти муҳими мавҷуд дар санади иқдоми муштараки бонкҳои марказии Эрону Русия бар тақвияту тавсеаи муносиботу ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва ба вижа ҳавзаҳои пулӣ ва бонкии Федерасиюни Русия бо Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард.
Эрону Русия дар заминаҳои мухталифи дуҷониба иштироки манофеъи роҳбурдӣ доранд ва ин аз авомили аслии ҳамкории наздики ду тараф дар солҳои ахир будааст .
Бештар бихонед :