Сардор Фадавӣ : " Нуфузиҳо " дар фитнаи ахир чеҳраи худро ошкор карданд
(last modified Thu, 19 Jan 2023 12:21:38 GMT )
Январ 19, 2023 17:21 Asia/Dushanbe
  • Сардор Фадавӣ :

Ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт : Дар фитнаи ахир душман тамоми тавонмандии фазои маҷозӣ ва расонаии худро дар дохилу хориҷи кишвар ба саҳна овард, аммо натавонист мардумро ҷалби худ кунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардори сартип Алии Фадавӣ-ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ шомгоҳи чаҳоршанбе дар ҳамоиши “Ҷабҳаи ҷаҳонии муқовимат” дар шаҳри Сирҷон, устони Кирмон, ҷануби Эрон афзуд: Дар моҳҳои ахир душман бо иштибоҳи муҳосиботӣ ва ба тасаввури соқит кардани Ҷумҳурии исломӣ бо истифода аз фазои маҷозӣ талош кард низому Раҳбариро аз ҳам ҷудо кунад . Сардор Фадавӣ бо таъкид бар инки " Дифо аз мазлум ҷузви барномаҳои қатъии Ҷумҳурии исломии Эрон аст " гуфт: Бо талошҳои сардори сипаҳбуд, шаҳид Қосими Сулаймонӣ дар дифо аз мазлумони олам аз 16 кишвари мухталифи дунё Ҷабҳаи муқовимати исломӣ ташкил шуд ва муқобили ДИИШ-и мавриди ҳимояти Исроилу Амрико ва Саъудӣ истоданд .