Афзоиши тиҷорати хориҷии миёни Эрону Туркия
(last modified Sat, 21 Jan 2023 08:09:30 GMT )
Январ 21, 2023 13:09 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тиҷорати хориҷии миёни Эрону Туркия

Узви камиссиюни тиҷорати хориҷӣ ва байналмиллалии Хонаи санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон аз афзоиши тиҷорати хориҷӣ миёни Эрону Туркия хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидрӯҳуллоҳи Латифӣ гуфт ، аз 21 март то 31 декабри 2022, 15 миллиону 466 ҳазор тон коло ба арзиши 11 миллиарду 54 миллион доллар байни Эрону Туркия табодул шуда, ки бо рушди 35 дарсадӣ дар тиҷорат ҳамроҳ будааст .
Латифӣ афзуд: Аз ин мизон тиҷорати ғайринафтӣ 12 миллиону 674 ҳазор тон коло ба арзиши 6 419 миллион доллар ، содироти Эрон ба Туркия буда ва 2 792 ҳазор тон коло ба арзиши 4 миллиарду 635 миллион доллар воридоти Эрон аз Туркия буда, ки содирот бо рушди 51 дарсадӣ ва воридот бо рушди 18 дарсадӣ нисбат ба муддати мушобеҳ ҳамроҳ будааст .
Узви Комиссиюни тиҷорати хориҷӣ ва байналмиллали Хонаи санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон бо баёни инки Туркия сеюмин мақсади содироти колоҳои Эрон пас аз Чин ва Ироқ будааст изҳор кард: Дар моҳҳои ахир мақомоти Эрону Туркия дар дидорҳои дуҷониба ва ё гуфтугӯи телефонӣ ҳамвора мавзӯи аҳамияти равобити ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ ва ҳамкории минтақаӣ бо ҳадафи субот ва ҷилавгирӣ аз ҳар гуна танишро мавриди таъкид қарор додаанд .
Иродаи мақомоти Эрону Туркия тақвияти ҳамкорӣ аст, зеро ин ду кишвари ҳамсоя дар бисёре аз мавзӯъот дорои манофеи иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятии муштарак ҳастанд ва дар тӯли беш аз 400 соли гузашта бар ҳусни ҳамҷаворӣ таъкид кардаанд .

Бештар бихонед :