Январ 21, 2023 21:07 Asia/Dushanbe
  • Тамҷиди Федератсияи ҷаҳонии баскетбол аз ситораи миллипӯши Эрон

Федератсияи ҷаҳонии баскетбол, Саҷҷоди Пазируфтаро ба унвони ситораи ҷадид ва дар ҳоли шукӯфоии баскетболи Эрон муаррифӣ кард.

Дар ҷараёни ҳафтаи чаҳоруми рақобатҳои баскетболи супер Лигаи ғарби Осиё дар минтақаи Ғарб, тими шаҳрдории Гургон муваффақ шуд дар Теҳрон муқобили Ал Риёзи Лубнон ба пирӯзӣ бирасад, ки амалкарди ситораҳои Эрон дар ин бозӣ, мавриди таваҷҷӯҳи Федератсияи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Дар ин бози Саҷҷоди Пазируфта, миллипӯши Эрон ва Фея Пэтти, амрикоӣ, ба тартиб бо касби 18 ва 25 имтиёз, ҳамчунин таъсиргузории 23 ва 26, ситораҳои тим Меҳрон Ҳотамӣ буданд, ки боис шуд FIBA низ нисбат ба ин мавзӯи вокуниш нишон диҳад. FIBA навишт, гиреҳгон дар бозӣ муқобили Ал Риёзӣ ба пирӯзӣ расид ва Саҷҷоди Пазируфта, хуш дурахшид ва амалкарди ӯ нишон медиҳад, ки ин истеъдод дар ҳоли шукӯфо шуданаст.

 

Барчасп