Январ 21, 2023 21:36 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Номи ҳамешагии Халиҷи Форс бар паҳнои оби ҷануби Эрон
    Таҳлил: Номи ҳамешагии Халиҷи Форс бар паҳнои оби ҷануби Эрон

Дар ҳафтаҳои ахир ҳамзамон бо баргузории мусобиқоти футболи ҷоми халиф дар Ироқ ва низ аз забони бархе сиёсатмадорони ироқӣ воҷаи сохтагии халиҷи арабӣ барои номидани паҳнои оби ҷануби Эрон мавриди истифода қарор гирифт банерҳои ёдбуди бо номи халиҷи арабӣ низ дар ин кишвар ба чоп расид ин мусобиқот ғолибан бо унвони "Алхалиҷ" баргузор мешуд вале дар ин давра номи мусобиқотро "کأس الخلیج العربی" номиданд.

Раиси федератсияи ҷаҳонии футбол ҳам ин номи сохтагиро дар саифаи инстаграмияш истифода кард, ки боиси шикояти федератсияи футбол ва Вазорати хориҷаи Эрон шуд.

Аҳмад Абдусода хабарнигор ва шоири саршиноси ироқӣ бо интиқод аз ин иқдом дар саифаи шахисии худ дар фазои маҷозӣ навишт: Эрон дар ҳошияи халиҷи Умон қарор дорад вале эрониҳо онро халиҷи Эрон намегуянд, Ҳинд дар ҳошияи дарёи араб қарор дорад вале онро дарёи Ҳинд наменоманд, Инданезия дар канори уқёнуси Ҳинд қарор дорад вале онро уқёнуси Инданезия наменомад чаро? Чун тамоми ин номҳо дар Созмони Милал сатб шуда аст шуда ва ҳеҷ давлате ҳақ надорад номи Халиҷи Форсро тағир диҳад ва дасткори кунад.

Нигоҳи ба сайри таърихии номгузории паҳнои оби ҷануби Эрон ба халиҷи Форс нишон медиҳад, ки дар таърихи чандҳазорсолаи Эрон ҳамвора ин бахши оби ба номи халиҷи Форс номида шуда аст.

Дар ҳақиқат ҷанҷоли тағири номи ин паҳнои оби ба даҳҳаи 1950 мелоди ва талоши Ҷамол Абдуносир, раиси Ҷумҳурии милигароии вақти Миср барои густариши нажодпарастии арабӣ боз мегардад Ҷамол Абдуносир, ки ба унвони роҳбари нажодпарасти араб дар як суханрони дар соли 1951 халиҷи Форсро ба номи халиҷи арабӣ номид чанд сол баъд аз Ҷамол Абдуносир, Чарлз Белграв англисӣ мушовири ҳокими Баҳраён ба унвони аввалин сиёсатмадори ғарбӣ дар соли 1955 дар нашрияи Сувтулбаҳрайн номи халиҷи арабиро пешниҳод кард то ба навъи булуки аъроб халиҷи Форсро муқобили Эрон тақвият кунад ин дар ҳоле буд, ки мутобиқи азъони худи таърихнигорони араб ҳатто аз замони ҷангҳои Эрон ва Юнон ва хусусан аз замони Искандари Кабир обҳои ин минтақа ба номи халиҷи Форс хонда мешуда аст ва дар зимн дар тамоми қарордодҳо муъоҳидоте, ки миёни Эрон ва давлатҳои аврупоӣ аз ҷумла Британия ба имзо расид обҳои ин минтақа ба номи халиҷи Форс шинохта шуда аст.

Юнониҳо ва таърихшиносонаш дар китобҳои таърихии худ бо номи Прискус Синус, ки ба маънии халиҷи Форс аст аз ин обраҳа ёд мекунад ва такрори ҳамин ном боис мешавад, ки бисёри аз нақшаҳои боқимонда аз аврупоиҳо дар қарнҳои баъди низ бо ҳамин ном аз халиҷи Форс ёд кунанд.

То авоили даҳҳаи 1960 дар бораи номи халиҷи Форс ҳеҷгуна баҳсу ҷадале дар миён набуда аст ва дар тамоми манобеъи аврупоӣ ва осиёӣ ва амрикоӣ донишномаҳо ва нақшаҳои ҷуғрофиёии ин кишварҳо аз халиҷи Форс дар тамоми забонҳо ба ҳамин ном ёд шуда аст.

Коргуруҳи Созмони Милал дар хусуси номҳои ҷуғрофиёӣ низ пас аз гузари мароҳили идори ва анҷоми ташрифоти қонунӣ унвони халиҷи Форсро ба номи Эрон ба сабт расонда ас ва ниҳоятан номи халиҷи Форс дар коргуруҳи Созмони Милал барои номҳои ҷуғрофиёӣ ба тасвиб мерпасад.

Дар бистусевумин ҷаласаи коргуруҳи номҳои ҷуғрофиёӣ дар 4 апрели соли 2006 шастуякумин гузориши худро ба эътибори таърихӣ, ҷуғрофиёӣ ва ҳуқуқи номи халиҷи Форс ихтисос дод.

Ин гуруҳ дар гузориши худ эълом кард: Дар идомаи қарнҳо ҳадиақал 2500 сол, ки баъши зиёди аз он дар замони императории Форс буда аст ҳеҷгоҳ миёни таъризи доно ва нависандагон дар хусуи як ном дар Ховари Минёна чунин итифоқи назири вуҷуд надошта аст.

Талош барои тағири номи халиҷи Форс дар ростои камранг кардани ҳокимияти Эрон дар ин минтақа аз манзари сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоъӣ сурат мегирад талош барои таҳмили моҳияти араби бар ин паҳнаи обиро танҳо метавон дар чорчуби аҳдофи сиёсӣ ва қавмияти тавҷеҳ кард чаро ки дар баробари андуҳи аснод ва нақшаҳои муиди номи халиҷи Форс ҳатто як барг санади муътабар доли бар суҳати иддаои онҳо вуҷуд надорад ҳамроҳ шудани кишварҳои навзуҳури ҳошияи ҷануби халиҷи Форс, ки то чанд даҳҳаи қабл асари аз онҳо бар руи нақшаҳои ҷуғрофтёи набуд бо кишварҳои ғарби ва сарозер шудани даромадҳои нефти ин таваҳумро дар ҳуком ва шайхҳои ин кишварҳо ба вуҷудо овард, ки қодир ба тағир додани воқеъияти таърихи чандҳазорсола ҳастанд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора мухолифати худро бо истифода аз номи сохтаги барои халиҷи Форс эълом кард ва эътирози худро аз тариқи ҷомеъаи байналмилали иброз кард ва хостори истифода аз иборати халиҷи Форс шуда аст.

 

Барчасп