Январ 22, 2023 17:40 Asia/Dushanbe
  • Адмирал Эронӣ: Нерӯи дарёии артиш оромишро барои минтақа ва ҷаҳон фароҳам мекунад

Фармондеҳи нерӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, нерӯи дарёии артиш оромишро барои минтақа ва ҷаҳон фароҳам мекунад.

Адмирал Шаҳроми Эронӣ, фармондеҳи нерӯи дарёии артиш гуфт, акнӯн беш аз як ҳазор нафар намоянда дорем, ки маъмурияти сангини ҳамроҳии шиноварҳоро анҷом медиҳанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, фармондеҳи нерӯи дарёии артиш афзуд, Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷуғрофиёи сиёсӣ ба унвони як кишвари дарёӣ дар муъодилоти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ маҳсӯб мешавад.

Вай аз барномаи ин нерӯ, барои афзоишу тақвияти саккӯҳои шиноварӣ дар ҳавзаҳои сатҳӣ ва зерсатҳӣ хабар дод ва гуфт, яке дигар аз барномаҳои нерӯи дарёии артиш тадовуми ҳузур дар умқи дарёҳо ва ҳар нуқтае аст, ки дар марҳалаи нахуст манофеи низоми муқаддаси Ҷумҳурии исломии Эрон дар онҷо қарор дораду ҳатман бояд аз он муҳофизат кунем.

Адмирал Шаҳроми Эронӣ таъкид кард, расади тавони зирсатҳии неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон барои душман бисёр сахт аст ва онҳо дар расад ва шиносоӣ тавони сатҳӣ ва мушакии нерӯҳои артиши Эрон нотавонанд.

 

Барчасп