Январ 23, 2023 10:21 Asia/Dushanbe
  • Азмати Имом Муҳаммадбоқир (а) забонзади хосу ом буд
    Азмати Имом Муҳаммадбоқир (а) забонзади хосу ом буд

Имрӯз (душанбе) авали моҳи Раҷаби соли 1444 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 23-уми январи соли 2023 мелодӣ, солрӯзи валодати бо саъодати Имом Муҳаммадбоқир (а) панҷумин пешовоӣ шиаёни ҷаҳон аст.

Имом Муҳаммадбоқир (а) якуми моҳи Раҷаби соли 57 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина чашм ба ҷаҳон гушуданд.

Азмати Имом Муҳаммадбоқир (а) забонзади хосу ом буд.

Ҳарҷо сухан аз волоӣ ҳошимиён ва алавиён ва фотимиён ба миён меомад, ишонро ягона вориси он ҳама  қудос ва шуҷоъат ва бузургавор мешинохтанд.

Кунимяи Имом Боқир (а) Абуҷаъфар ва маъруфтарин лақаби ишон "Боқир-Ал-Улум ба маънои шикофандаи улум аст, зеро он ҳазрат (а) шикофандаи муъзалоти фикрӣ ва ҳал кунандаи масоъил ва печидагиҳои улум, ва дар густардагии дониш ва маъориф, саромад ва шахсияти мунҳасир ба фарди асри хеш буд.

Овозаи манзалати илмии Имом Муҳаммадбоқир (а) ба ҳадде буд, ки ҳамаи таърих нависон, аъам аз мусалмонон ва ғайри мусалмонон, дар тавсиаи каламоти ишон бидуни истисно ба мақоми илмии он ҳазрат (а) ишора намуданд.

Ҷаззобтарин чеҳраҳо ва бахшандатарин инсонҳо, бархе аз вижагиҳои ҳазрати Имом Боқир (а) аст .

Созмони Садо ва Симои Ҷумҳӯрии  Исломии Эрон, фаро расидани солрӯзи валодати Имом Боқир (а) -ро ба ҳама мусалмонони ҷаҳон табрик мегӯяд.

Барчасп