Ҳарифони тими навҷавонони футболи Эрон дар турнаменти Беларусия мушахас шуданд
-
Тибқи барномаи эълом шуда аз сӯйи мизбон, мусобиқот аз рӯзи шонздаҳуми баҳман оғоз мешавад ва то 22 баҳман идома хоҳад дошт
Ҳарифони тими миллии навҷавонони футболи Эрон дар турнаменти Беларусия мушахас шуданд.
Багузориши Ироно, тими миллии футболи зери 17 соли кишварамон ҷиҳати омодасози барои ширкат дар мусобиқоти Ҷоми миллатҳои зери 17 соли Осиё, ки бар асоси эъломи Канфедрасиюни футболи Осиё ба хурдоди 1402 ба таъхир афтодааст, камтар аз ду ҳафтаи дигар озими Беларусия мешавад то дар турнаменти ҳашт ҷонибаи дӯстона ширкат кунад.
Шогирдони Ҳусайни Абдӣ бо тимиҳои зери 16 соли Беларусия, зери 17 солои Русия ва зери 17 соли Тоҷикистон дар гурӯҳи дуввуми ин турнамент қарор гирифтанд. Дар гурӯҳи нахуст низ тимҳои зери 17 соли Беларусия, зери 17 соли Қазоқистон, зери 16 соли Русия ва зери 17 соли Узбакистон ҳузӯр доранд.
Тибқи барномаи эълом шуда аз сӯйи мизбон, мусобиқот аз рӯзи шонздаҳуми баҳман оғоз мешавад ва то 22 баҳман идома хоҳад дошт. Зимни ин, ки дар рӯзи поёнии мусобиқот, маросими эҳдои ҷавоиз ба тимҳои аввал то саввум баргузор хоҳад шуд.