Шаҳодати ду полиси Эрон ба дасти ашрор дар ҷануби шарқи ин кишвар
Фармондеҳи интизомии устони Систону Балӯчистони Эрон аз ҳамлаи ноҷавонмардонаи ашрор ба гашти интизомӣ ва шаҳодати ду полис дар ин устони ҷануби шарқӣ хабар дод .
Сардори сартип, Муҳаммади Қанбарӣ- фармондеҳи интизомии устони Систону Балӯчистони Эрон дар гуфтугу бо хабаргузории Форс гуфт:Бомдоди имрӯз ( сешанбе ) авомили гаштии калонтарии марказии шаҳристони Бампур ҳини иҷрои маъмурияти гаштзанӣ ва таъмини амнияти мардум дар вурӯдии шаҳр муттаассифона мавриди ҳамлаи ноҷавонмардонаи ашрори кӯрдил қарор гирифтанд, ки бо посухи маъмурон мувоҷеҳ шуданд .
Сардор Қанбарӣ афзуд: Ашрор пас аз даргирӣ фаврӣ аз маҳал фирор карданд ва дар ин даргирӣ ду нафар аз авомили гашти полис ба дараҷаи рафеъи шаҳодат ноил шуданд ва як полис низ маҷрӯҳ шуд .
Фармондеҳи интизомии устони Систону Балӯчистони Эрон тасреҳ кард бо ташкили тими вижа аз корогоҳон шиносоӣ ва дастгирии ин ашрор фавран оғоз шуд ва бо сарнахҳои ба даст омада дар камтарин замони мумкин дастгир ва ба ашшади муҷозот маҳкӯм хоҳанд шуд .
Пас аз даргузашти Маҳсо Аминӣ дар авохири сентябр бархе шаҳрҳои Эрон аз ҷумла Зоҳидон бо таҳрики душманони Ҷумҳурии исломӣ ва расонаҳои муониду зиддиинқилоб бо иғтишош рӯбарӯ шуд .
Иғтишошгарон дар Зоҳидон ба амокину амволи умумӣ хисорат ворид карданд ва ҳамчунин терруристҳо дар бархе шаҳрҳо шуморе аз неруҳои амниятӣ ва полиси Эронро ҳадаф қарор доданд ва ба шаҳодат расонданд .