Ҷонишини фармондеҳи нерӯи дарёии артиш: Новгурӯҳи Надоҷо ба Амрикои Лотин расид
(last modified Sat, 28 Jan 2023 13:09:54 GMT )
Январ 28, 2023 18:09 Asia/Dushanbe
  • Ҷонишини фармондеҳи нерӯи дарёии артиш: Новгурӯҳи Надоҷо ба Амрикои Лотин расид

Ҷонишини фармондеҳи нерӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз вуруди новгурӯҳи Надоҷо ба Амрикои Лотин хабар дод.

Новгурӯҳи неруи дарёии артиш, дар ғарби Амрикои Лотин парчами Эронро ба эҳтизоз даровардааст.

Новгурӯҳҳои артиши Ҷумҳурии исломии Эрон, пештар низ дар маъмуриятҳои мухталиф ҳузуре босамар дар паҳнаи уқёнусҳо ва обҳои дарёҳои озод доштаанд.

Ба гузориши равобити умумии артиш, адмирал Ковиёнӣ, ҷонишини фармондеҳи неруи дарёии артиш гуфт, новгурӯҳи нерӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии исломӣ дар ғарби Амрикои Лотин парчами Эрони исломиро ба эҳтизоз дар овардааст ва дар шимоли Уқёнуси Ҳинд низ новгурӯҳҳои артиш ҳузур қудратмандона доранд.

Вай қудрату иззати имрӯзи Эрони исломиро ба баракати хуни шуҳадо ва размандагон донист ва афзуд, ҳар тавтеае, ки дар Эрон иттифоқ афтодааст, радди пои Англия ва Амрико дар он дида мешавад, чун ки онҳо хатари ислому тафаккури истикборситезиро алайҳи худ эҳсос кардаанд.

Адмирал Ковиёнӣ, бо ишора ба вайрониҳо ва асароти мухарриби ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Ветнам, Афғонистон, Сурия ва Ироқ афзуд, бояд бо тафаккури исломӣ, ки шуҳадо улгӯи он ҳастанд дар баробари тафаккури истикбори Ғарб муқобила кард.

Вай бо баёни инки қудрати Эрони исломӣ бо ҳамаи фишорҳое, ки дар 44 соли гузашта алайҳи кишвар эъмол шудааст рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст, хотирнишон кард, душманон дар заминаи сахтафзорӣ муқобили Эрон ноком шудаанд.