Январ 29, 2023 18:58 Asia/Dushanbe
  • Баргузории Маҷмаи солонаи волейболи минтақаи Осиёи Марказӣ дар Теҳрон

Маҷмаи умумии солонаи минтақаи Осиёи Марказӣ - соли 2022 имрӯз, якшанбеи 29 январи 2023 дар Теҳрон баргузор шуд.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Донишҷӯ”, дар ин маҷмаъ Муҳаммад Латиф, раиси минтақаи марказии Осиё ба лузуми боз кардани ҳисоби бонкии ихтисосӣ ҷиҳати тавсеаи молӣ таъкид кардаву пешниҳодотеро дар ин замина матраҳ кард, ки мавриди мувофиқати аъзо қарор гирифт.

Тибқи эъломи равобити умумии Федератсияи волейбол, Маҷмаи умумии солонаи минтақаи Осиёи Марказӣ - соли 2022 ба раёсати Муҳаммад Латиф, раиси Сентралзон,  Муҳаммадризо Доварзанӣ, раиси Федератсияи волейболи Эрон ва руасои Федератсиюни волейболи 11 кишвари узв, шомили Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Бутан, Афғонистон, Бангладеш, Туркманистон, Ҳинд, Покистон, Шриланка ва Узбакистон имрӯз (якшанбеи 9 баҳманмоҳ ) баргузор шуд.

Ҳузури ғайрифаъоли Ҳинду Молдова, яке дигар аз мабоҳиси матраҳшуда дар ин ҷаласа буд. Ҳамчунин дар заминаи афзоиши тавони моливу истифодаи бештар аз технология дар мусобиқоти оянда мусавваботе мудавван шуд.

Муҳамад Латиф, раиси минтақаи марказии Осиё қавли мусоид дод, ки дар мусобиқоти соли 2023 аз VIS ва видеочек истифода шавад то сатҳи ин мусобиқот ҳамгом бо стандартҳои ҷаҳонӣ бошад.

Дабири кулли Қазоқистон низ ба кумитаи омӯзиш пешниҳод дод то давраҳои доварии номзадӣ пеш аз мусобиқоти осиёӣ баргузор шавад то доварон битавонанд дар мусобиқоти Осиё ҳузур ёфтаву касби таҷриба кунанд.

 

Барчасп