Декабр 14, 2016 18:17 Asia/Dushanbe
  • Табрики вазири дифои Эрон ба ҳамтои сурияӣ дар пайи озодсозии Ҳалаб

Вазири дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон ба ҳамтои сурияии худ пирӯзиҳои ахири артиши Сурия ва неруҳои муқовимат ва озодсозии шаҳри Ҳалаб табрик гуфт.

Генерал Ҳусайни Деҳқон, ки ба Африқои Ҷанубӣ сафар кардааст, дар тамоси телефонӣ бо Фаҳд Ҷосим ал-Фариҷ вазири дифои Сурия, озодсозии шаҳри Ҳалаб аз дасти террористҳои такфириро нуқтаи атфе дар муборизоти ҷабҳаи муқовимат зидди терроризм ва ифротигарӣ тавсиф кард.

Фаҳд Ҷосим ал-Фариҷ бо ташаккур аз генерал Ҳусайни Деҳқон, аз ҳимоятҳои давлат ва миллати Эрон аз артиш ва миллати Сурия дар мубориза бо терроризм низ қадрдонӣ кард.

Намояндагони Маҷлиси шӯрои исломии Эрон низ имрӯз бо судури баёнияе эълом карданд, пирӯзии бузурги миллати Сурия тамоми нақшаҳо ва роҳбурдҳои печидаи қудратҳои узви меҳвари султаро ботил кард ва асли пирӯзии ҳаққ бар ботил ва хун бар шамшерро як бори дигар собит намуд.

Артиши Сурия сешанбешаб шаҳри Ҳалаб дар шимоли ин кишварро пас аз ҳудуди панҷ сол ба таври комил аз ишғоли террористҳо озод кард.

 

Барчасп