Таъкид бар роҳбурди вижаи кишварҳои исломӣ дар муқобила бо ҷараёни расонаии душман
Мудири TV5 Туркия гуфт : Кишварҳои исломӣ бояд роҳбурдҳои вижа дар муқобила бо ҷараёни расонаии душман дошта бошанд.
Мустафо Илмоз-мудири TV5 Туркия рӯзи душанбе дар ҳамоиши байналмилалии “Манора” бо мавзӯи расона ва ваҳдати исломӣ дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабаргузории Эронпресс афзуд : Кишварҳои исломӣ бояд стратегияи маъқул ва роҳбурдӣ дар муқобила бо ҷараёни расонаии душманон дошта бошанд.
Марзия Ҳошимӣ-хабарнигори шабакаи телевизиюнӣ " ПрессТВ " низ дар гуфтугуи хабаргузории Эронпресс бо баёни инки душманон ба дунболи нобуд кардани арзишҳои исломӣ ва Ҷумҳурии исломии Эрон ҳастанд, гуфт : Кишварҳои исломӣ бояд канори якдигар бошанд ва на фақат Эрон, балки ҳамаи кишварҳо бо ҳам ҳамоҳангӣ ва ваҳдат дошта бошанд .
Зайнаб Фараҳот-фаъоли расонаии лубнонӣ низ дар гуфтугӯ бо хабаргузории Эронпресс гуфт : Расонаҳо бо паёми ҳимояти миллатҳои мусулмон аз миллатҳои мазлуми ҷаҳон метавонад омили ҳамдилӣ ва иттиҳод миёни мусулмонон бошад.
Нахустин ҳамоиши байналмилалии Манора бо мавзӯи расона ва ваҳдати уммати исломӣ рӯзи душанбе бо ҳузури устодону андешмандони улӯми иртиботот ва фаъолони расонаӣ дар Теҳрон баргузор шуд .Ин ҳамоиш ба ҳиммати Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ ва бо мушорикати Конуни фаъолони расонаии ҷаҳони Ислом баргузор шуд ва ваҳдати уммати исломӣ, ҳақиқати расонаӣ ва саводи расонаӣ ва зарфияти расонаҳои байналмилалӣ аз меҳварҳои аслии ин ҳамоиш буд.
Ҳамоиши байналмилалии Манора бо ҳадафи шабакасозӣ,гуфтумонсозӣ,ҷараёнсозӣ ва ҳамафзоӣ дар арсаи расона бо рӯйкарди ваҳдати уммати исломӣ бо такя бар зарфиятҳои байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ ташкил шудааст.