Декабр 14, 2016 19:33 Asia/Dushanbe
  • Тасмими Эрон ва Индонезия барои густариши равобит

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон тақвият ва таҳкими равобити Эрон ва Индонезияро ба унвони ду кишвари дӯст ва мусалмон, ба суди манофеи ду миллат ва минтақа донист.

Ҳасани Руҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе пас аз имзои чаҳор санади ҳамкорӣ миёни Теҳрон ва Ҷакарта ҳамроҳ бо Ҷоко Видодо - раиси ҷумҳурии Индонезия дар ҷамъи хабарнигорон ҳузур ёфт ва гуфт: Теҳрон ва Ҷакарта мусаммам ҳастанд, ки сатҳи ҳамкориҳои худро дар ҳамаи арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ густариш диҳанд.

Рӯҳонӣ афзуд: Равобити байни Эрон ва Индонезия ба унвони кишварҳои муҳими исломӣ дар шарқ ва ғарби Осиё аҳамияти зиёде дорад ва бояд ин равобит дар давраи пас аз тавофуқи ҳастаӣ (БАРҶОМ), шитоби бештаре гирад.

Раиси ҷумҳурии Индонезия низ сафар ба Теҳронро масири ҷадиде дар густариши таомулот ва ҳамкориҳои ду кишвар донист ва афзуд: Теҳрон - Ҷакарта барои тақвияти равобит ба вижа дар арсаи иқтисодӣ ва энержӣ, ҳамкориҳои худро афзоиш медиҳанд.

Имрӯз ҳамчунин дар ҳамоиши иқтисодии Эрон ва Индонезия дар Теҳрон, 10 санад ва мувофиқатномаи ҳамкории дигар низ миёни бахшҳои хусусии ду кишвар имзо шуд.

 

Барчасп