Феврал 01, 2023 12:59 Asia/Dushanbe
  • Табрики солрӯзи валодати Имом Ҷавод (а)
    Табрики солрӯзи валодати Имом Ҷавод (а)

Имрӯз чаҳоршанбе даҳуми раҷаби 1444 ҳиҷрии қамарӣ мусодиф бо 1-уми феврали соли 2023 мелодӣ, солрӯзи валодати бо саъодати Имом Муҳаммадтақи (а) набераи гаронқадри Паёмбари гиромии Ислом (с) аст.

Имом Муҳаммадтақи (а) даҳуми раҷаби соли 195 ҳиҷри қамари дар шаҳри Мадина ба дунё омаданд ва пас аз шаҳодати падари бузургаворашон Имом Ризо (а) Имоми ҳаштуми шиаёни ҷаҳон, уҳдадори масъулият раҳбари мусалмонон шуданд.

Лақаби мубораки Имом Муҳаммадтақи (а) Ҷаводи-Ал-Аъима аст.

Имом Ризо (а) дар бораи манзалати фарзандашон Имом Ҷавод (а) фармуданд: "Ман дорои писаре шудаам, ки ҳамчун Мусо (а) шикофандаи дарёҳои илм аст".

Имом Ҷавод (а) дар сини ҳашт солаги ба имомат расиданд ва  ҳабда сол  даврони имомати ҳазрат будааст, яъне ишон даврони имоматашонро аз кӯдаки то ҷаовонӣ гузаронидаанд.

Дар даврони имомати Ҷавод (а)  фирқаҳои мухталифи исломӣ ва ғайри исломӣ рушд карда буданд ва улум  ва фунуни соири миллатҳо мавриди вижа қарор гирфта буд, лизо Имом Ҷавод вориди баҳсҳои илмӣ ва эътиқоди шуданд ва дар мунозира бо мухолифон аз адёни мухталиф бо сармояи Худоӣ аз имомат посдори карданд.

Мардуми худоҷӯи Эрони исломӣ дар солрӯзи валодати бо саъодати Имом Муҳаммдатақи (а) бо ҳузӯр дар амокин муқаддас ба вижа ҳарами муттаҳари Имом Ризо (а) падари бузургавори ишон ҷашнҳоеро баргузор мекунанд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон, фарорасидани солрӯзи валодати Имом Муҳаммадтақи (а) ро ба ҳамаи мусалмонони ҷаҳон табрик мегӯяд.

Барчасп