Феврал 01, 2023 19:23 Asia/Dushanbe
  • Иддаои Роберт Мали: Амрико ба дунболи тағйири низом дар Эрон нест

Намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон бидуни ишора ба тавтеаҳои ин кишвар алайҳи мардум ва низоми Эрон аз замони пирӯзии инқилоби исломӣ, муддаӣ шуд, давлати Амрико ба дунболи тағйири низом дар Эрон нест.

Душманони инқилоби исломӣ дар садри онҳо Амрико дар солҳои нахусти умри Ҷумҳурии исломӣ бо ҷанги низомӣ ба муқобила бо Эрон омаданд, аммо пас аз инки аз ин равишроҳ ба ҷое набурданд, равишҳои ҷадидро ҷойгузин карданд.

Таҳриму фишори ҳаддиаксарӣ ду абзори ҷадиди душманони инқилоби исломӣ аст то бо афзоиши фишор бар иқтисоди Эрон, чархи тавлиди миллиро аз ҳаракат боздоранд, аммо чархи тавлид дар Эрон дар сояи фишори ҳаддиаксарӣ ва таҳримҳои золимона, чархид то монеъи таҳаққуқи тавтеаҳои душман шавад.

Дар иғтишошоти ахир низ сарони сиёсии Амрико ва баъзан Аврупо, расонаҳои онон ва низ расонаҳои форсии маониди мавриди ҳимояти Ғарб, аз як рухдоди ғамангез сӯиистифода карданд ва бо шиори ҳимоят аз ҳуқуқи миллати Эрон, дар ҳимоят аз иғтишошгарон ва барҳамзанандагони амнияти миллат санги тамом гузоштанд.

Намояндаи вижаи Амрико дар умӯри Эрон дирӯз сешанбе дар мусоҳиба бо “ББС” гуфт, мо ба дунболи тағйири режим нестем ва фикр мекунам ба андозаи кофӣ таҷрубаи ғамангез дар заминаи муҳандисӣ кардани тағйири режим бавижа дар Ховари Миёна доштаем.

Вай дар посух ба ин суол, ки оё тасдиқ мекунад талоши дипломатии ду сола байни Вашингтон ва Теҳрон шикаст хӯрдааст, гуфт, дипломасӣ ҳаргиз монанди корҳои дигар ба поён намерасад.

Ин мақоми амрикоӣ дар хусӯси равобит бо Эрон муддаӣ шуд, равобит бо Теҳрон аз замони рӯи кор омадани давлати (Байден) ва оғози гуфтугуҳои ғайримустақим бо мақомоти эронӣ дар апрели 2021 бадтар шудааст. Дар он замон, музокирот ба далели хостаҳои фаротар аз БарҶом ба бунбаст расид .

Роберт Мали дар посух ба ин суол, ки оё тавофуқи ҳастаии 2015 бо Эрон комилан мурда аст, аз посухи мустақим иҷтиноб кард ва муддаӣ шуд, ки давлати Эрон фурсатҳои мутаъаддидиро барои поён додан ба ин буҳрон рад кард.

 

Барчасп