Паёми таслияту ҳамдардии Мухбир ба миллату давлатҳои Сурияву Туркия
(last modified Tue, 07 Feb 2023 05:01:32 GMT )
Феврал 07, 2023 10:01 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияту ҳамдардии Мухбир ба миллату давлатҳои Сурияву Туркия

Муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёмҳои ҷудогона ба нахуствазири Сурия ва муовини раиси Ҷумҳурии Туркия ҷон бохтани шуморе аз шаҳрвандони ин кишварҳо дар ҳодисаи зилзилаи ахирро таслият гуфт.

Зилзилае ба қудрати 7.8 Рихтер бомдоди душанбе ҷануби Туркия ва шимоли Сурияро ларзонд .
Ожонси мудирияти савониҳ ва ҳаводиси фавқулодаи Туркия эълом кард, ки то кунун дар ин зилзила 2 ҳазору 921 нафар кушта ва 15 ҳазору 834 нафар захмӣ шудаанд.
Дар Сурия низ бар асоси охирин оморҳо то кунун 1 444 нафар кушта ва 3 531 нафар ҳам захмӣ шуданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммади Мухбир-муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон зимни ибрози ҳамдардӣ бо мардуми Сурияву Туркия аз даргоҳи Худованди мутаъол барои даргузаштагон талаби омурзишу мағфират, барои бозмондагон умед, сабру оромиш ва барои осебдидагону маҷрӯҳони ин ҳодисаи таассуфбор орзӯи саломат ва офият кард. Мухбир дар ин паёмҳо зимни эъломи омодагии давлат, ниҳодҳои имдодрасон ва миллати Эрон барои ҳар гуна ҳамкорӣ ибрози умедворӣ кард мардуми ҳодисадидаи Сурияву Туркия ҳарчӣ зудтар ба шароити зиндагии оддӣ бозгарданд .
Пештар низ раиси ҷумҳурӣ, раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ ва вазири умӯри хориҷаи Эрон дар паёмҳои ҷудогонае ҷон бохтани шуморе аз шаҳрвандони Сурияву Туркия дар ҳодисаи зилзилаи ахирро таслият гуфтанд .