Феврал 07, 2023 11:42 Asia/Dushanbe
  • Баргузории Комиссиюни муштараки консулӣ, марзӣ ва гумрукии Эрону Туркманистон

Понздаҳумини нишасти Комиссиюни муштараки консулӣ, марзӣ ва гумрукии Эрону Туркманистон дар Ашқобод баргузор шуд .

Равобити Эрону Туркманистон бо тавваҷуҳ ба рӯйкарди сиёсати хориҷии давлати сездаҳуми Эрон, ки аз он таҳти унвони сиёсати ҳамсоягӣ ёд мешавад, рӯ ба густариш аст ва сафари раиси Ҷумҳурии Туркманистон ба Теҳрон ( июни 2022 ) ва дидор бо мақомоти олии рутбаи Эрон нуқтаи сарнавиштсоз дар ин замина маҳсуб мешавад .
Дар ҷараёни сафари ахири раиси Ҷумҳурии Туркманистон ба Эрон дар маҷмӯъ 13 санади ҳамкорӣ бо ҳузури Сардор Бердимуҳаммадов-раиси Ҷумҳурии Туркманистон ва Сайидиброҳими Раисӣ- раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба имзо расид .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар понздаҳумини нишасти Комиссиюни муштараки консулӣ, марзӣ ва гумрукии Эрону Туркманистон,ки ба раёсати Алиризо Бекдилӣ-муовини консулӣ, маҷлис ва эрониёни Вазорати умӯри хориҷаи Эрон ва Вафо Ҳоҷиев-муовини вазири умӯри хориҷаи Туркманистон дар Ашқобод баргузор шуд, ду тараф дар бораи мавзӯъоти консулӣ аз ҷумла раводид, зиндониёнамкориҳои интизомӣ, ҳамкориҳои ҳуқуқӣ ва марзӣ ва масоили гумрукӣ гуфтугу ва табодули назар карданд .
Дар поёни дидор низ ёддошти тафоҳуми понздаҳумини Комиссиюни муштараки консулӣ, марзӣ ва гумрукӣ ба имзои руасои ду ҳайати Эрону Туркманистон расид .
Ҳамчунин Бекдилӣ бо вазири умӯри хориҷаи Туркманистон дидор ва дар хусӯси мавзӯъоти дуҷониба ва консулӣ гуфтугу кард .
Дар ин мулоқот ду тараф зимни ибрози алоқа ҷиҳати  афзоиши сатҳи равобити дуҷониба аз иштирокоти фарҳангии Эрону Туркманистон ба унвони нишондоди муҳим дар равобити ду миллат ёд карданд.

 

Барчасп