Баёнияи Сипоҳи посдорон ба муносибати солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ
(last modified Thu, 09 Feb 2023 12:49:14 GMT )
Феврал 09, 2023 17:49 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Сипоҳи посдорон ба муносибати солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар баёнияе бо гиромидошти чиҳилу чаҳорумин солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ роҳбурди ваҳдатро зомини шикасти роҳбурди душман барои эҷоди ихтилоф, тафриқа, дуруғпардозӣ ва шойиъасозӣ донист .

Инқилоби исломии Эрон 11 феврали 1979 ( 22 баҳмани 1357 ) ба раҳбарии ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ )- бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон ба пирӯзӣ расид .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросонипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе бо гиромидошти чиҳилу чаҳорумин солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ ва даъват аз оҳоди миллати шарифу инқилобии Эрон барои ҳузури пуршӯру якпорча дар роҳпаймои явмуллоҳи 22 баҳманмоҳ, эълом кард : Бо гузашти 44 сол аз пирӯзии шукӯҳманду мӯъҷизгуни Инқилоби исломӣ ва фурӯпошии режими диктаторӣ ва вобастаи паҳлуӣ ба рағми тавтеъаҳо ва талошҳои шайтонии шабакаи саҳюнизми ҷаҳонӣ ва Амрикои мустакбиру террорист парчами Ҷумҳурии исломии Эрон бар фарози таҳаввулоту муъодилоти қудрати ҷаҳонӣ худнамоӣ мекунад .
Ин баёния афзуд : Зарфиятҳои боландаи боздорандагӣ ва тамаддунсозии инқилобу низоми исломӣ ба унвони як ҳақиқати мусалламу инкорнопазир дар шароите ҳосил шудааст, ки Эрони асри паҳлавӣ кишвари вобаставу таҳти манвиёту сиёсатҳои бегонагон ба вижаи Амрико ба шумор мерафт, ки барои миллати Эрони дастоварде ҷуз ҳақорату зиллат ба ҳамроҳ надошт .
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар идома убури пирӯзмандонаи инқилобу низоми исломӣ аз буҳронҳои сахту пурхатарро марҳуни ваҳдатстодагӣ, пойдорӣ, ҳӯшмандӣ ва ҳӯшёрии миллати Эрон ҳавли меҳвари вилояти фақеҳ ва имомайни Инқилоби исломӣ қаламдод кард .
Дар ин баёния омадааст : Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳамаи чолишҳои дохилӣ ва берунии ношӣ аз душманиҳо, фитнасозиҳо ва буҳронофариниҳои низоми султа ва истикбор бархилофи соири инқилобҳои бузурги таърихи муосир монанди Фаронса ва Шуравӣ, ки пас аз муддате бозгашти диктаториҳои сахту талх ва ё шикасти ҳавлнокеро таҷриба кардаанд, дастовардҳои сутургу хиракунанда худ дар ҳавзаҳои мухталифи сиёсӣ, амниятӣ,дифоӣизомӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, илму фанноварӣ ва ғайраро дар даҳаи аввали гоми дувуми инқилоб дар маърази ҷаҳонён қарор додаасту мояи мубоҳоти Эрону эронӣ дар ҷомеъаи байналмилал шудааст .
Дар поёни ин баёния омадааст : Миллати азимушшаъни Эрон бо басирату ҳӯшмандӣ ва илҳом аз таъолиму раҳнамудҳои ҳакимонаи Раҳбари азимуш-шаъни Инқилоби исломӣ, ҳазрати Имом Хоманаӣ ( муддазила алъолӣ ) роҳбурди ваҳдатро зомини шикасти роҳбурди душман барои эҷоди ихтилофу тафриқа ва тарвиҷи дуруғу шойиъа дониста ва бо пайгирии огоҳонаи ин роҳбурд, нақшаи душманон дар арсаи ҷанги шинохтӣ ва таркибӣ ва набарди тамомайёр дар фазои маҷозӣ, ки дар паии илқои ноумедӣ ва бунбаст ва осеб задан ба эътимоди миллӣ ва сармояи иҷтимоии низом астро хунсо ва дар ҷашни 45 солагии инқилоб бо садои расо ба онон ёдовар хоҳад шуд, ки дар қиболи Эрону эронӣ ҳамчунон дучори  хатои муҳосиботӣ ҳастанд.