Ҳузури коргардони тоҷик дар ҷашнвораи филми Фаҷри Эрон
Коргардони тоҷикистонӣ бо филми “ Дов ” дар чиҳилу якумин ҷашнвораи байналмилалии филми “ Фаҷр ”-и Эрон ширкат кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, филми “ Дов ” сохтаи Муҳиддин Музаффаров- коргардони тоҷикистонӣ, ки дар муассисаи давлатии “ Суғдсинамо ” ба номи Комил Ёрматов ва муассисаи давлатии “ Тоҷик- филм ” тавлид шудааст, дар чиҳилу якумин ҷашнвораи байналмилалии синамои Фаҷр намоиш дода шуд.
Ин ҷашнвора аз 1 то 11 феврали соли ҷорӣ дар Эрон баргузор шуд .
Филми “ Дов ” мавриди тавваҷуҳи мухотабону меҳмонони ҷашнвораи филми Фаҷри Эрон қарор гирифт ва коргардони филм барои ширкат дар ҷашнвораҳои Малайзия ва Маскав, ки тобистони имсол баргузор мешавад, даъват шуд .
Ин филм дар соли 2022 дар чанд намоиши байналмилалӣ низ ширкат кард .
Филм “ Дов ” ҳамчунин дар аввалин ҷашнвораи синамои миллии Тоҷикистон ширкат карду барандаи ду ҷоиза – “ беҳтарини филм ” ва “ беҳтарини нақши аввали мард ” шуд.