Раисӣ вориди Пекин шуд +akc
(last modified 2023-02-14T05:51:23+00:00 )
Феврал 14, 2023 10:51 Asia/Dushanbe
  •  Раисӣ вориди Пекин шуд +akc

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон субҳи сешанбе ба вақти маҳаллӣ вориди фурудгоҳи байналмилалии Пекин шуд ва аз сӯи вазири фарҳангу гардишгарии Чин мавриди истиқбол қарор гирифт .

Сайидиброҳими Раисӣ ба даъвати расмии Ши Ҷинпинг-ҳамтои чинии худ дар сарварии ҳайати олирутбаи иқтисодӣ ва сиёсӣ барои як дидори серӯза ба Чин сафар кард .
Раисӣ то соъоти дигар дар маҳалли Конгресси Чин аз сӯи раиси ҷумҳӯри ин кишвар мавриди истиқболи расмӣ қарор хоҳад гирифт .
Ин аввалин сафари расмии давлатии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Чин пас аз 20 сол аст .

Дидор бо раиси ҷумҳӯри Чин ва имзои асноди муҳими ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳузури руасойаи ҷумҳӯри ду кишвар ва ҳамчунин дидори нахуствазиру раиси Конгресси миллии халқи Чин бо Раисӣ аз ҷумлаи барномаҳои нахустин рӯзи сафари раиси ҷумҳӯр дар ин сафар аст .
Ин даҳумин сафари хориҷии Раисӣ дар яку ним соли ахир аст.
 

 

Барчасп