Мухбир: Теҳрону Пекин барои амалӣ шудани тавофуқоти суратгирифта мусаммам ҳастанд
Феврал 15, 2023 17:11 Asia/Dushanbe
Муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Теҳрону Пекин дар хусуси пайгириву амалӣ шудани тавофуқоти суратгирифта дар сафари раиси ҷумҳурии Эрон ба Чин мусаммам ҳастанд.
Эрону Чин дар солҳои гузашта равобити худро дар се сатҳи калони сиёсӣ – иқтисодӣ, амниятӣ - дифоӣ ва геополитикӣ - стратегӣ густариш додаанду имзои санади роҳбурдии 25 сола гоми муҳиме дар ҷиҳати такмили ин раванд буд.
Аз ин рӯ, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба даъвати расмии раиси Ҷумҳурии Чин дар садри ҳайати олирутбаи иқтисодиву сиёсӣ ба Чин сафар кардааст.
Барчасп