Таслияти шаҳодати ҳазрати имом Мӯсои Козим (а)
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i98452-Таслияти_шаҳодати_ҳазрати_имом_Мӯсои_Козим_(а)
Панҷшанбе, 25 раҷаби 1444 ҳиҷрии қамарӣ, мусодиф бо 16 феврали 2023 - солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Мӯсои Козим (а), набераи паёмбар (с) аст.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Феврал 15, 2023 22:06 Asia/Dushanbe
  • Имом Мӯсои Козим дар соли 183 ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд
    Имом Мӯсои Козим дар соли 183 ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд

Панҷшанбе, 25 раҷаби 1444 ҳиҷрии қамарӣ, мусодиф бо 16 феврали 2023 - солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Мӯсои Козим (а), набераи паёмбар (с) аст.

Имом Мӯсои Козим (а) ҳудуди 35 сол имомати мусулмононро бар уҳда доштанду муддати зиёде аз ин солҳоро дар ҳабсу табъид гузаронаданд.

Ин шароит нишон медиҳад, ки дар даврони эшон сахтгирии ҳокимони аббосӣ ба аҳли байти исмату таҳорат (а) афзоиш ёфта буд.

Ҳорунаррашид аз хулафои аббосии ҳокими вақт, ки намехост мардум аз дарёи бекарони илму фазилати ҳазрати Мӯсои Козим (а) баҳра бибаранд, тайи дасисае эшонро дар зиндон масмум кард ва он ҳазрат дар синни 55 солагӣ дар соли 183 ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон солрӯзи шаҳодати имом Мӯсои Козим (а) -ро ба ҳамаи мусулмонон таслият мегӯяд.