Вокуниши Амирабдуллоҳиён ба иддаои сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико : Хандаовар аст
(last modified Fri, 17 Feb 2023 14:49:55 GMT )
Феврал 17, 2023 19:49 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Амирабдуллоҳиён ба иддаои сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико : Хандаовар аст

Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар вокуниш ба иддаои сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико гуфт : Хабарсозӣ дар мавриди раҳбари Алқоъида ва иртибот додани он ба Эрон хандаовар аст .

Нед Прайс-сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико дар нишастии хабарӣ бо такрори иддаоҳои матраҳшуда дар гузориши Созмони Миллал муддаӣ шуд, ки шахсе ба номи « Сайф Аладл », ки саркардаи ҷадиди созмони террористии Алқоида аст, дар Эрон ҳузур дорад .
Вазири хориҷаи Эрон хитоб ба давлатмардони Кохи Сафед унвон кард : « Адреси ғалат надиҳед ! »