Ҳузури 150 ширкаткунанда аз 80 кишвар дар мусобиқоти байнламилалии Қуръони Карим
(last modified Sun, 19 Feb 2023 05:47:28 GMT )
Феврал 19, 2023 10:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури 150 ширкаткунанда аз 80 кишвар дар мусобиқоти байнламилалии Қуръони Карим
    Ҳузури 150 ширкаткунанда аз 80 кишвар дар мусобиқоти байнламилалии Қуръони Карим

Раиси ситоди баргузории сивунуҳумин мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим эълом кард: Аз марҳали муқадимоти 150 ширкаткунанда аз 80 кишвар дар ин мусобиқот ширкат карданд.

Маросими ифтитоҳияи сивунуҳумин даври мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим 18 феврали соли 2023 ҳамзамон бо иди Мабъаси Паёмбари Акрам(с) дар салони иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ оғоз шуд.

Ширкаткунандагон дар риштаҳои ҳифзи кул, тартили Қуръон, риштаи қироъати таҳқиқ, қироъати тартил ба рақобат бо якдигар мепардозанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳамидмаҷдиди Меҳр, раиси ситоди баргузории сивунуҳумин мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим дар гуфтугуи телевизиони гуфт: Баъд аз баргузории марҳалаи муқадимоти мунтахабон ба марҳалаи ниҳоӣ роҳ пайдо карданд, ки шомили 52 ширкаткунанда аз 33 кишвар ба ҳамроҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Раиси ситоди баргузории сивунуҳмин мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим афзуд: Бахшҳои мухталифи аз мусобиқот аз тариқи шабакаҳои мисли хабар ё шабакаҳои дигари Садо ва Симо, шабакаи бурунмарзи ва аз беш аз 50 шабакаи моҳвораи хориҷӣ ба сурати мустақим пахш мешавад.