Феврал 19, 2023 12:45 Asia/Dushanbe
  • Тими куштии Бонки шаҳр қаҳрамони куштии озоди ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳон
    Тими куштии Бонки шаҳр қаҳрамони куштии озоди ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳон

Тими куштии Бонки шаҳри Эрон ба унвони қаҳрамони ҳафтумин даври рақобатҳои кушти озоди ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳон даст ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳафтумин даври рақобатҳои куштии озоди ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳон бо ҳузури 6 тим рузҳои 17 то 18 феврал дар салони шуҳадои ҳафтуми тири Теҳрон баргузор шуд.

Дар дидори финали ин мусобиқот, ки рузи шанбе баргузор шуд тимҳои Бонки шаҳри Эрон ва Подубини Русия ба масофи ҳам рафтанд, ки ин рақоба бо натиҷаи 6 бар 4 ба суди намояндаи Эрон поён ёфт.