Сафири Эрон дар Русия: Муносиботи кунунии ду кишвар бесобиқа аст
(last modified Fri, 16 Dec 2016 14:19:03 GMT )
Декабр 16, 2016 19:19 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Русия: Муносиботи кунунии ду кишвар бесобиқа аст

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Русия муносиботи кунунии ду кишварро дар ҳамаи заминаҳо дар тӯли торих бесобиқа донист.

Ба гузориши ИРНА, Маҳдии Саноӣ, сафири Эрон дар Русия рӯзи ҷумъа дар саввумин ҳамоиши солонаи Эроншиносон ва устодони забони форсии Русия дар Маскав бо ишора ба густариши ҳамкориҳои ду кишвар гуфт, густариши рӯзафзун ва фарогири муносиботи Теҳрон-Маскав сабаб шудааст ҳамкориҳои онон ба сатҳи равобити роҳбурдӣ иртиқо ёбад.

Саноӣ бо ишора ба рушди 80 дарсадии муносиботи Эрон ва Русия дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва гардишгарӣ таъкид кард, ин муносибот ҳамчунон дар ҳоли рушд аст.

Чанд рӯз пеш дар сенздаҳумин нишасти камиссиюни муштараки ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Эрон ва Русия дар Теҳрон, ду кишвар 9 тафоҳумномаи ҳамкории муштарак дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, транзит, тавсеаи тиҷорат, бонкӣ ва санъати газ имзо карданд.