Феврал 20, 2023 18:18 Asia/Dushanbe
  • Адмирал Саёрӣ: Ҳузури неруи дарёӣ дар обҳои дурдаст таҷаллии иқтидори миллати Эрон аст
    Адмирал Саёрӣ: Ҳузури неруи дарёӣ дар обҳои дурдаст таҷаллии иқтидори миллати Эрон аст

Муъовини ҳамоҳангкунандаи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Ҳузури новгуруҳои неруи дарёӣ артиш дар обҳои дурдаст таҷаллии иқтидори миллати бузурги Эрон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз равобит умумии артиш, адмирал Ҳабибулло Саёрӣ, муъовини ҳамоҳангкунандаи артиш бо ишора ба тавонмандии неруи дарёӣ артиш дар анҷоми маъмуриятҳои мухталиф гуфт: Таъмини амният дар Халиҷи Адан, Бобул Мандам ва Канали Суэц аз суи неури дарёӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон қатъан осори мусбати барои иқтисоди кишвар дорад.

Адмирал Саёрӣ афзуд: Ҳузури новгуруҳои неруи дарёӣ артиши Ҷумҳурии Исломи дурдаст натанҳо мазаҳри иқтидори неруи дарёӣ артиш балки таҷаллии иқтидори миллати бузурги Эрон аст.

Муъовини ҳамоҳангкунандаи артиш ҳамчунин гуфт: Неруи дарёи артиш аз яксу парчами иқтидори Эрони Исломиро ба эҳтизоз дармеоварад ва аз суи дигар собиси пуёӣ иқтисоди кишвар мешавад.

Барчасп