Декабр 16, 2016 20:46 Asia/Dushanbe
  • Фархундаи мелоди ҳазрати Муҳаммад Мустафо (с) ва Имом Содиқ (а) муборак бод!

Шанбе, 17-уми рабеулаввал ва 17-уми декабр солрӯзи мелоди босаодати охирин паёмбари илоҳӣ, ҳазрати хатми мартабат - Муҳаммад Мустафо (с) ва ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ (а) аз наберагони гиромии эшон аст.

Мардуми манотиқи мухталифи Эрон, шиаву суннӣ бо зиннат додани масҷидҳо, хонаҳо, кӯчаҳо ва мағозаҳо бо парчам ва чароғҳои рангоранг ва барпоии маросим ва пахши нуқлу наботу ширинӣ, солрӯзи валодати босаодати охирин паёмбари илоҳӣ - ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ҷашн гирифтаанд.

Мушорикати мусулмонони шиа ва суннӣ дар Эрон, дар ҷашни мелоди расули акрам (с) ва Имом Содиқ (а), ҷилваҳои зебоӣ аз ҳамдилӣ ва ҳамбстагии уммати исломиро ба намоиш гузоштааст.

Рӯзи мелоди паёмбари гиромии Ислом (с) ба ривояти аҳли тасаннун рӯзи 12-уми рабеулаввал аст ва шиаён низ рӯзи 17-уми рабеулаввалро солрӯзи валодати эшон медонанд. Аз ин рӯ, ба ибтикори ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯзҳои дувоздаҳум то ҳафдаҳуми рабеулаввал солрӯзи валодати ҳазрати расули акрам (с) ба унвони Ҳафтаи Ваҳдат номгузорӣ шудааст.

Бахши тоҷикии радио ва сайти Садои Хуросон фаро расидани зодрӯзи паёмбари гиромии Ислом (с) ва Имом Ҷаъфари Содиқ (а)-ро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон табрик мегӯяд.