Сардор Қоонӣ: Ҷумҳурии исломии Эрон муҷиби шикасти сармоягузории Амрико дар минтақа шуд
(last modified Wed, 22 Feb 2023 13:26:39 GMT )
Феврал 22, 2023 18:26 Asia/Dushanbe
  • Барандаи ҷангҳо касоне нестанд, ки силоҳи бештару пешрафтатаре доранд
    Барандаи ҷангҳо касоне нестанд, ки силоҳи бештару пешрафтатаре доранд

Фармондеҳи Неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоб исломӣ гуфт, низоми Ҷумҳурии исломии Эрон ва фарҳанги инқилоби исломӣ муҷиби шикасти ин сармоягузорӣ шуд.

Сардори сартип Исмоили Қоонӣ, фармондеҳи Неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар ёздаҳумин иҷлосияи расмии Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ бо гиромидошти ҳулули моҳи мубораки Шаъбон ва идҳои мубораки ин моҳ афзуд: Ҳаракати инқилоби исломӣ бо вуҷуди душмании душманони Ислом ва дар садри онҳо Амрикои ҷинояткору режими саҳюнистӣ бо қувват идома дорад ва маншаи асар дар минтақа ва ҷаҳон аст.

Сардор Қоонӣ бо ишора ба тағйири роҳбурдии амрикоиҳо, ки бо ҳамкории бархе кишварҳои минтақа шакл гирифту мунҷар ба эҷоди падидаи хатарноке монанди гуруҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ шуд, гуфт: Модели инҳирофии ДИИШ, ки як кописозии ҷаълӣ аз Ҷабҳаи муқовимат буд, ин зарфиятро дошт, ки шароити минтақаро ба шакли матлуби амрикоиҳо тағйир диҳад, аммо муҷоҳидатҳои сардори сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ ва ёронаш, ки усораи фарҳанги ноби муқовимату инқилоб исломӣ буданд, ин тавтеаи азимро ноком гузоштанд.

Фармондеҳи Неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо баёни ин ки фарҳанги муқовимат, ки бархеста аз мафоҳиму омӯзаҳои асили Ислом аст, имрӯз ба унвони як падидаи ҷаҳонӣ, ҷаҳони султаро ба истисол кашондааст ва ҳатто назарияпардозони низомии Амрико низ муътақиданд, дар ҷаҳони имрӯз барандаи ҷангҳо касоне нестанд, ки силоҳи бештару пешрафтатаре доранд, балки касоне ҳастанд, ки бо рӯҳияи ҷиҳодии муҳкамтар бар мавозеу эътиқодоти худ меистанд.