Рӯнамоӣ аз ҷадидтарин мӯшаки Крузи Эрон бо бурди 1650 километр
Мӯшаки Пова ҷадидтарин мӯшаки Крузи заминпояи Эрон бо бурди 1650 километр тавассути неруи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ тавлид ва рӯнамоӣ шуд .
Докторинаи дифоии Эрон асосан мубтанӣ бар асли боздорандагӣ тавсеа ёфтааст ; барои эҷоди боздорандагии воқеӣ, доштани тавоноии низомӣ ва таслеҳотии муътабар ва дар ихтиёр доштани неруҳои мусаллаҳи қудратманду муҷаҳҳаз нақши асосӣ дорад .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар 31 августи 2016 дар ҷамъи вазир,масъӯлон ва муҳаққиқону мутахассисони Вазорати дифои Эрон афзоиши тавони дифоӣ ва таҳоҷумиро ҳаққи мусаллами Ҷумҳурии исломии Эрон донистанд .
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд : Дар ҷаҳоне ки қудратҳои зӯргӯ, султагар ва дорои камтарини ҷавҳараи ахлоқ, виҷдон ва инсоният ҳоким ҳастанд ва аз таҷовуз ба кишварҳову куштори инсонҳои бегуноҳ ҳеҷ ибое надоранд, тавсеаи саноеъи дифоӣ ва таҳоҷумӣ комилан табиӣ аст, зеро ин қудратҳо то иқтидори Эронро эҳсос накунанд, амният таъмин нахоҳад шуд.
Сардор Амиралии Ҳоҷизода-фармондиҳи неруии ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи Хабари телевизиони Эрон бо баёни инки мӯшаки Крузи Пова ҷадидтарин мӯшаки Крузи заминпояи Эрон, тавассути ин неру тавлид шудааст, изҳор кард: Сумор, Ҳувайза ва Талоя ( АбуМеҳдӣ ) дар бурдҳои камтари крузҳои заминпояи Эрон буданд, ки акнун Пова ҳам ба онҳо изофа шудааст.
Сардор Ҳоҷизода бо таъкид бар инки неруҳои мусаллаҳи Эрон метавонанд новгони дарёии Амрико ва новҳои ҳавопаймобарро дар фосилаи 2 ҳазор километрӣ ҳадаф қарор диҳанд, хотирнишон кард ин 2 ҳазор километр ҳам ба эҳтироми аврупоиҳост ва умедворем онҳо эҳтироми худашонро ҳифз кунанд.
Ӯ бо баёни инки душман ҳаргиз тавони сохти падофанди зидди мӯшаки болистики фаросавти Эронро надорад,тасреҳ кард суръати ин мӯшак беш аз 12 - 13 мох ( воҳиди андозагирӣ суръати савт )аст ва дар хориҷ аз фазои атроф низ қодир аст манёвр диҳад .
Сардор Ҳоҷизода таъкид кард сомонаҳои падофандии душманон бар асоси пешбинии масиру нуқтаи ояндаи мӯшакҳо амал мекунанд, ки дар бораи мӯшаки болистики фаросавти Эрон наметавонанд нуқтаи ояндаи онро пайдо кунанд.
Бештар бихонед :