Намоиши тавонмандиҳои тавлидии Эрон дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 27 Feb 2023 07:05:24 GMT )
Феврал 27, 2023 12:05 Asia/Dushanbe
  • Намоиши тавонмандиҳои тавлидии Эрон дар Тоҷикистон
    Намоиши тавонмандиҳои тавлидии Эрон дар Тоҷикистон

Бо ҳадафи тавсиаи тиҷорати Форс, нахустин намоишгоҳи тахасусии тавонмандиҳои тавлиди ва содиротии Эрон дар ростои ҳимоят аз тавлидии дохилӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба Гузориши Садои Хуросон ба нақл аз равобити умумии ширкати намоишгоҳҳои байналмиллалии Форс, оинӣ рӯнамоӣ аз пустери нахустин намоишгоҳҳои тахасусии тавонмандиҳои тавлидӣ ва содиротии Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Ҷумҳӯрии Тоҷикистон бо меҳварияти ширкати намоишгоҳҳои байналмиллалии Форс дирӯз, 7 исфандмоҳ дар Шероз баргузор шуд.

Муҳсени Наҳовандӣ, мудири омили ширкати намоишгоҳҳои байналмиллалии Форс дар ҳошияи ин маросим гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар кишвари Тоҷикистон аз имтиёзоти фаровоне ҳамчун вижагиҳои ҳам оинӣ, ҳам кеши, фарҳангӣ, таърихӣ, забонӣ, бархурдор аст, ҳамчунин аз назари иқтисодӣ низ дороӣ имтиёзи  ҷуғрофиёӣ аст.

Вай бо баёни ин,ки тавсиаи тиҷорати устони Форс аз авлавиятҳои ширкати намоишгоҳҳои байналмиллалии Форс аст, афзӯд: Тоҷикистон аз тариқи Эрон метавонад ба Аврупо иртибот барқарор кунад ва аз сӯйи дигар истифода аз банодири Эрон ба Халиҷи Форс ва нуқоти дигари ҷаҳон дастарсӣ пайдо кунад.

Мудир омили ширкати намоишгоҳҳи байналмиллалии Форс изофа кард: Тоҷикистон низ дар кишвари Эрон аз имтиёзоти фаровоне баҳраманд аст аз ҷумла ин,ки ин кишвар наздиктарин шарики иқтисодӣ ва сиёсии Эрон дар Оситё  Марказӣ аст.

Наҳованди тасреҳ кард: Тоҷикистон дарвозаи вурудии маҳсулот ва фанноварии Эрон ба бозорҳои Осиё Марказӣ аст зеро ин кишвар дар минтақае қарор дорад, ки дар сурати истифода аз роҳҳои заминӣ метавон Эронро ба Чин, Қазоқистон ва шарқи Русия мутасил кунад.

Вай баён кард: Фаъолон ва ҳайатҳои тиҷории кишвари Тоҷикистон ҳамвора муштарии собити намоишгоҳҳои баргузор шуда  дар шаҳри Шероз буданд ва мутақозӣ ва муштоқ буданди тарафайн боис шуд то  идеаи баргузории ин намоишгоҳ шакл бигирад ва қарор аст ин намоишгоҳ меҳри 1402 дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон баргузор шавад.

Наҳованди гуфт: Намоишгоҳи ихтисосии тавонмандии  тавлид ва содироти Ҷумҳӯрии Исломии Эрон қарор аст дар устони Суғди  шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон дар рӯзҳои 8 то 12 меҳрмоҳи 1402 баргузор шуд.

Шаҳри Хуҷанд марказӣ устони Суғд яке аз муҳимтарин пойгоҳҳои иқтисодии кишвари Тоҷикистон аст ва бо таваҷҷӯҳ ба ҳаммарз будан бо кишвари Қирғизистон ва ҳузӯри доими бозаргонони қирғиз ва тоҷик дар ин шаҳр аз аҳамияти вижае ҷиҳати барпоии намоишгоҳҳои Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар кишвари Тоҷикистон бархурдор аст.