Эрону Русия дар масири эҷоди утоқи бозаргонии муштарак
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i99070-Эрону_Русия_дар_масири_эҷоди_утоқи_бозаргонии_муштарак
Вазорати тавсеаи иқтисодии Русия аз омодагии Маскаву Теҳрон барои эҷоди як утоқи бозаргонии муштарак хабар дод.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Март 01, 2023 17:54 Asia/Dushanbe
  • Эрону Русия дар масири густариши ҳамкорӣ
    Эрону Русия дар масири густариши ҳамкорӣ

Вазорати тавсеаи иқтисодии Русия аз омодагии Маскаву Теҳрон барои эҷоди як утоқи бозаргонии муштарак хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Вазорати тавсеаи иқтисодии Русия пас аз баргузории панҷумин нишасти вебинарии коргурӯҳи ҳамкориҳои байниминтақаии Эрону Русия эълом кард, ки ду кишвар омодаи эҷоди утоқи бозаргонии муштарак ҳастанд.

Бино бар эъломи ин вазоратхона, намояндагони Русияву Эрон дар ин нишаст тамоюли худро нисбат ба суръат бахшидани фароянди шаклдиҳии як чорчӯби қонунӣ барои ҳамкории байниминтақаӣ ва идомаи пружаи бозкушоии марокизи тиҷории устонҳои Эрон дар манотиқи мухталифи Русия ва баръакс иброз карданд.