Раисӣ : Устони Бушеҳр дар ҳавзаи энержии Эрон ҳарфи аввалро мезанад
Март 02, 2023 17:36 Asia/Dushanbe
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни инки устони Бушеҳр,ҷануби Эрон ، дар ҳавзаи энержӣ ҳарфи аввал дар кишвару минтақаро мезанад, гуфт : Бушеҳр дар ҳавзаи иқтисоди баҳр, иқтисоди кишоварзӣ ва дар бисёр заминаҳои дигар аз ҷойгоҳи муҳимме бархурдор аст .
Раисӣ дар сеюмин мақсад аз даври дувуми сафарҳои устонӣ субҳи имрӯз ( панҷшанбе ) вориди устони Бушеҳр шуд ва мавриди истиқболи имоми ҷумъа ва устондори Бушеҳр қарор гирифт .
Ба гузориши хабаргузории Эронпресс,Саидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар оғози вуруд ба устони Бушеҳр афзуд : Ин устон зарфиятҳои бисёре дорад, ки яке аз он зарфиятҳо неруи инсонии коромади ин устон аст.