Шаби тиллоии гуштии Эрон дар ҷоми Данклови Булғористон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i99170
Шаби тиллои гуштии Эрон бо пирӯзии Арашки Муҳиббӣ баробари намояндаи кишвари мизбон ва расидан ба саккӯии нахусти вазни 92 килограм такмил шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 04, 2023 10:52 Asia/Dushanbe
  • Шаби тиллоии гуштии Эрон дар ҷоми Данклови Булғористон

Шаби тиллои гуштии Эрон бо пирӯзии Арашки Муҳиббӣ баробари намояндаи кишвари мизбон ва расидан ба саккӯии нахусти вазни 92 килограм такмил шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, мусобиқоти радабандӣ ва финали чаҳор вазни нахусти рақобатҳои байналмилалии гуштии озоду фарангии ҷоми Данклов ва Николай Петров ҷумъашаб дар шаҳри Софияи Булғористон баргузор шуд.
Дар вазни 92 килограм Арашки Муҳиббӣ дар дидори поёнӣ дар як рақобати нафасгир баробари Аҳмад Батоев аз кишвари мизбон қарор гирифт ва муваффақ шуд вайро бо натиҷаи 6 бар 4 шикаст диҳад то шаби тиллоии гуштии Эрон такмил шавад .
Пеш аз Муҳиббӣ, Мустафо Қиёсӣ дар вазни 79 килограми гуштии озод ва Шоҳини Будоғӣ дар вазни 72 килограми гуштии фарангӣ ба медали тилло расида буданд .
Амирмуҳаммади Яздонӣ низ дар вазни 70 килограми гуштии озод ба медали бринҷӣ басанда кард .