Март 04, 2023 17:08 Asia/Dushanbe
  • Исломӣ: Сафари Гросси ба Эрон паёмовари равобити ҳирфаии Эрон ва ожонс аст

Раиси Созмони энержии атомии Эрон гуфт: Сафари мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба Эрон паёмовари равобити ҳирфаии кории Теҳрон бо ва ожонс аст.

Муҳаммади Исломӣ, раиси Созмони энержии атомӣ рӯзи шанбе дар конфронси хабарии муштарак бо Рафаэл Гросси, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ таъкид кард: Нуктае, ки барои мо ҳоизи аҳамият аст, инки иртиботот ва рафту омадҳо ва гузоришҳо ба гунае бошад, ки ҳамвора эътимодофарин бошад.

Вай афзуд: Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бояд битавонад вазоифи худро дар иртибот бо барномаи ҳастаии Эрон дар чорчуби завобити подмони по барҷо ва итминонбахш нигаҳ дорад.

Исломӣ гуфт: дар ҳафтае, ки гузашт 29 конфронси ҳастаии миллӣ дар Донишгоҳи шаҳид Биҳиштӣ баргузор шуд ва конфронси 30-ум бо ҳамкории ожонс хоҳад буд.

 

Барчасп