Март 07, 2023 10:46 Asia/Dushanbe
  • Имзои 20 тавофуқномаи санади ҳамкорӣ байни Эрон ва кишварҳои ғарби Африқо

Дар нахустин рӯзи иҷлоси илмӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии исломии Эрон ва кишварҳои ғарби Африқо 20 санади тавофуқу қарордоди ҳамкории чандҷонибаву дуҷониба байни Эрон ва кишварҳои ғарби Африқо имзо ва бар густаришу таъмиқи ҳамкориҳои ҷомеъи иқтисодӣ таъкид шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Муҳаммади Мухбир,муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи душанбе дар иҷлоси илмӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии исломии Эрон ва кишварҳои ғарби Африқо дар Теҳрон афзуд : Баргузории чунин ҳамоишҳое баёнгари вуҷуди иродаи сиёсии муштарак барои тасҳили заминаҳои ҳузур, мушорикату нақшофаринии ҳарчӣ бештари бахши хусусӣ дар муносиботи иқтисодӣ ва тиҷории Эрон бо кишварҳои Африқо аст.
Мухбир бо баёни инки Ҷумҳурии исломии Эрон густариши муносиботи дӯстона бо ғарби Африқоро мавриди тавваҷуҳ қарор додааст, бар омодагии давлати Эрон барои кумак ба рушду тавсеаи равобити байниякдигарӣ таъкид кард ва гуфт : Сиёсати усулии давлати Эрон тавсеаву тақвияти равобит бо кишварҳои Африқо аст .
Ҳамоиши байналмиллалии Эрон ва кишварҳои ғарби Африқо бо ҳузури масъӯлону фаъолони иқтисодӣ аз 10 кишвари ғарби Африқо ба муддати се рӯз дар Теҳрон дар ҳоли баргузорӣ аст .
Ҷумҳурии исломии Эрон дар чорчуби таъомули созанда бо ҷаҳон фақат нигоҳи такбуъдӣ он ҳам ба кишварҳои аврупоӣ надораду қорраи Африқову Осиё мавриди таъкиди низоми Ҷумҳурии исломии Эрон аст .
Бозори густардаи Африқо бистари муносибе барои фурӯши колоҳои эронӣ аст ва дар чунин шароите қорраи сиёҳ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон ҷойгоҳи вижае дорад .

 

Барчасп