Март 07, 2023 18:13 Asia/Dushanbe
  • Рунамоӣ аз сомонаи шабеҳсози \
    Рунамоӣ аз сомонаи шабеҳсози \"F14\" неруи ҳавоӣ артиши Эрон

Сомонаи шабеҳсози эронии ҷангандаи "F14" бо ҳузури фармондеҳи неруи ҳавоӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Исфаҳон рунамоӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, маросими рунамоӣ аз шабеҳсози парвози ҷангандаи "F14" рузи сешанбе бо ҳузури генерали халабон Ҳамиди Воҳидӣ, фармондеҳи неруи ҳавоӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон халабонони бартари эронӣ ва хабарнигорон дар пойгоҳи шаҳид Бобоӣ Исфаҳон баргузор шуд.

Генерали халабон Ҳамиди Воҳидӣ, фармондеҳи неруи ҳавоӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин маросим гуфт: Сомонаи шабеҳсози ҳавопаймои роҳбурдии "F14" ба дасти мутахассисонии ҷиҳоди худкафоӣ неруи ҳавоӣ артиш тароҳи ва сохта шуда ва яке аз ифтихороти неруи ҳавоӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Ҳавопаймои "F14" яке аз печидатарин ва пешрафтатарин ҷангандаҳои таърихи ҳавонавардии ҷаҳон буд ва фановариҳои пешрафта дар сохти он ба кор рафт ва шабеҳсозии он ҳам аз шабеҳзосҳои печидаи ҷаҳон аст.

Барчасп