Март 09, 2023 18:48 Asia/Dushanbe
  •  Ғаввосии нахустин эронӣ дар Сибир

Як эронӣ барои нахустин бор дар ҳавои сарди Сибир ва дар баҳри Байкал ғаввосӣ карда ва парчами кишвари Ҷумҳурии исломии Эронро дар зери об барафрошт.

Баҳри Байкал,воқеъ дар Сибири ҷанубӣ 25 то 30 миллион сол таърих дошта ва аз зери он он боқимондаҳои динозаврҳову мамотҳои давраи пеш аз таърих кашф шудааст .

Ҳушанги Даштӣ-ғаввоси эронӣ, ки ҳамзамон бо даҳаи Фаҷр ба Маскав ва сипас баҳри Байкал сафар карда буд, барои нахустин бор аз Эрони исломӣ пас аз буриш ва шикастани яхҳои баҳрӣ дар зери обҳои ин баҳр ғаввосӣ кард ва ин ифтихорро ба номи худ ва Эрон сабт кард.

Ба гузориши ИРНА, ҳамчунин мустанаде бо номи « Сафар ба қутб » аз пружаи мазкур сохта шуда, ки дар ҳоли анҷоми мароҳили фаннӣ аст.
 

 

Барчасп