Март 12, 2023 18:44 Asia/Dushanbe
  • Генерал Саломӣ: Ҳузури мардуми Эрон дар саҳна душманро маъюс кард

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ бо қадрдонӣ аз истодагии мисолзадании миллати Эрон дар муқобили душманон гуфт, ҳузури мардуми Эрон дар саҳна, душманро маъюс кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, генерал Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ рӯзи якшанбе дар маросими бузургдошти ёду хотираи шуҳадои амалиёти Бадр ва Хибр, ки дар Урумия-шимоли ғарби Эрон, баргузор шуд, бо ишора ба фишори бесобиқа ва душманиҳои доманадор бар зидди миллати Эрон афзуд: Ин ҳаҷм аз душманӣ ва фишор дар тӯли таърихи башар бесобиқа аст ва агар фақат яке аз амалиётҳои мутааддиди душманон дар тӯли ин 44 соли гузашта зидди ҳар як аз кишварҳои қудратманди дунё анҷом мегирифт он кишвар ва низом аз ҳам мепошид.

Генерал Саломӣ далели истиқомати миллати Эронро табаият аз истиқомати имом ва раҳбарӣ донист ва тасреҳ кард, истиқомати бебадили Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар муқобили ҳаҷми сангини душманиҳо боис шуд то фармондеҳон ва сарбозон низ мустаҳкам ва бо имон шаванд ва ин имон ва истиқомати имом боис истиқомат уммат шуд.

 

Барчасп