Март 13, 2023 17:05 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Сафари Лукашенко нуқтаи атфи дар равобити Эрон ва Белорус аст
    Раисӣ: Сафари Лукашенко нуқтаи атфи дар равобити Эрон ва Белорус аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маросими имзои ёдошти тафоҳумномаи ҳамкори миёни Теҳрон ва Мински сафари раиси Ҷумҳурии Белорус ба Теҳронро нуқтаи атфи дар рушди равобити дуҷониба донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рузи душанбе дар ин маросим бо ишора ба собиқаи сисолаи равоби Эрон ва Белорус ва шаклгирии навофуқномаи нақшаи ҷомеъ байни ду кишвар гуфт: Ин нақшаи роҳ ҳатман метавонад шароити иртиботи байни ду кишварро дар оянда муаян кунад ба махсусан бо нигоҳи роҳбурди, ки байни ду кишвар вуҷуд дорад.

Раисӣ бо таъкид бар пешрафтҳои Эрон бо вуҷуди таҳримҳои душманон изҳор кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вуҷуди таҳдидҳо ва таҳримҳо дар ин муддат тавониста аст гомҳои баландеро ҷиҳати пешрафт бардора ва аз таҳримҳо барои худаш фурсати эҷод карда аст, мо омодаги дорем таҷрубаҳоямонро дар ин даврон бо кишвари дуст, Белорус ба иштирок бигузорем.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба мухолифати Эрон бо сиёсати якҷонибагароӣ дар арсаи байналмилалӣ таъкид кард: Ҳар ду кишвар бо якҷонибагароӣ мухолифанд ва муъақидан кишварҳои мустақил метавонанд равобити хуби бо ҳам дошта бошанд ин роҳе аст ки ҳам таҳримҳо хунсо мешавад ва ҳам тавони зарфияти хубе, ки байни кишварҳое, ки мустақил ҳастанд бо якдигар ин зарфиятҳо табодул шавад ва ба пешрафти миллатҳо ва кишварҳо биянҷомад.

Александр Лукашенко, раиси Ҷумҳурии Белорус ҳам дар маросими имзои ёдошти тафоҳумномаи ду кишвар бо ишора ба ин ки аз охирин ҳузураш дар Теҳрон 7 сол мегузарад таъкид кард: Ҳеҷ таҳрими ва ҳеҷ фишори натавониста аст миллати Эронро аз пешрафт боз дорад ва ин як воқеъияти аст, ки Эрони мусақил ва қави ба масири худаш идома медиҳад.

Лукашенко бо ишора ба абъоди муфасали мавзуъоти мавриди барраси дар равобити дуҷонибаи Эрон ва Белорус ва имзои тафоҳумнома миёни ду кишвар ибрози умедвори кард, ки бо иҷро шудани ин тавофуқнома ҳадафи ҳаҷми табодули тиҷории ду кишвар 100 миллион доллар муҳаққақ шавад.

Барчасп