Канъонӣ: Эрон омодаи таҳаққуқи сулҳ дар Украина аст
-
Канъонӣ: Эрон омодаи таҳаққуқи сулҳ дар Украина аст
Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба ин ки Теҳрон аз ибтидо мухолифи ҷанги Украина буда аст, омодагии Ҷумҳурии Исломии Эронро барои таҳаққуқи сулҳ ва тавақуфи ҷанг дар Украина эълом кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носири Канъонӣ, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар нишасти хабари дар посух ба саволи дар хусуи таҳаввулоти Украина гуфт: Эрон аз ибтидо мухолифи ҷанги Украина буда аст ва аз ҳеҷ тарафи низ ҳимоят накард.
Канъонӣ бо баёни ин ки Эрон борҳо эълом кард ба ҳеҷ тараф дар ҷанги Украина тасилоҳт надода аст афзуд: Эрон бо вуҷуди дустии бо Русия аз пайвастани манотиқ ба ин кишвар ҳимоят накард ва омодагии худро барои поён додан ба ҷанг эълом кард.
Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи эҳзори сафири Эрон ба Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон низ изҳор кард ин мавзуъ марбут ба парвози як ҳавопаймо дар маҳдудаи марзи ду кишвар аст парвозе, ки анҷом шуд як парвози оди ва мутаъораф буд, ки ба сурати давраӣ дар чорчуби поиши манотиқи марзи Эрон ва дар фазои дохили Эрон анҷом шуд ва дар гузашта ҳам ин парвозҳо анҷом мешуд.
Канъонӣ бо таъкид бар ин ки парвози ҳавопаймо ба мавозоти марзи муштарак таъкид кард агар итифоқоти ба саҳв ва иштибоҳ рух диҳад маъмулан родорҳо ва шабакаҳои падофанди дар иртиботи радиои ҳушдорҳои лозимро медиҳанд дар иртибо бо ин парвоз ҳеҷ ҳушдори родори ва радиоӣ дода нашуд.
Сухангуи дастгоҳи дипломосии Эрон хотирнишон кард ин мавзуъ метавонист дар иртибот бо сафорат ва вобастаи низомии Эрон дар Боку тарҳ шавад ва табодули назар ва рафъи суитафоҳум шавад бино бар ин наметавон оин иқдоми давлати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар эҳзори сафир ва расонаи кардани мавзуъ ҳамзамон бо ҳусни ният ва дар қолаби равобити байни кишварҳои ҳамсоя арзёби кард.