Март 13, 2023 19:09 Asia/Dushanbe
  • Боздиди Раисӣ ва Лукашенко аз намоишгоҳи тавонмандиҳо ва дастовардҳои донишбунёни ширкаҳои эронӣ
    Боздиди Раисӣ ва Лукашенко аз намоишгоҳи тавонмандиҳо ва дастовардҳои донишбунёни ширкаҳои эронӣ

Раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Белорус дар ҳошияи дидорҳо ва ройзаниҳои худ аз намоишгоҳи тавонмандиҳо ва дастовардҳои донишбунёни ширкатҳои эронӣ боздид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Александр Лукашенко, раиси Ҷумҳурии Белорус дар ҳошияи дидор ва ройзании худ бо мақомоти Эрон бо ҳамроҳи Сайид Ибрҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз намоишгоҳи тавонмандиҳо ва дастовардҳои донишбунён теъдоди аз ширкатҳои эронӣ дар бахши саломат, саноати электроники ва мухобироти, нефт, газ ва кимё ва сохти неругоҳ боздид кард.

Раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Белорус ҳамчунин дар ин намоишгоҳ аз наздик дар ҷараёни охирин дастовардҳо ва пешрафтҳои ширкатҳои эронӣ дар заминаи тавлиди анвоъи доруҳо, таҷҳизоти электроники ва мухобироти ва ҳамчунин таҷҳизоти неругоҳи ва истихроҷи нефт, газ ва кимёи қарор гирифтанд.

Барчасп