Март 13, 2023 21:47 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззамин инқилоб: Кишварҳои мавриди таҳрими Амрико бояд бо ҳамкории якдигар ин ҳарбаро аз байн бибаранд
    Раҳбари муаззамин инқилоб: Кишварҳои мавриди таҳрими Амрико бояд бо ҳамкории якдигар ин ҳарбаро аз байн бибаранд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба муштаракаоти фаровори Эрон ва Белорус гуфтанд: Кишварҳои мавриди таҳрими Амрико бояд бо ҳамкории якдигар ин ҳарбаро аз байн бибаранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори Александр Лукашенко, раиси Ҷумҳурии Белорус ва ҳайати ҳамроҳ яке аз иштирокоти Эрон ва Белорусро таҳримҳои қулдурмобонаи Амрико ва бархе кишварҳои ғарбӣ баршумориданд ва афзуданд кишварҳое, ки мавриди таҳрими Амрико қарор гирифтанд бояд бо ҳамкории якдигар ва бо ташкили як маҷмуъаи муштарак ҳарбаи таҳримро аз байн бибаранд ва мо муътақидем ин кор шудани аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба таҳримҳои Амрико зидди Эрон аз аввали пирузии инқилоби исломӣ ва вазъи шадидтарин таҳримҳо дар давоздаҳсоли гузашта хотирнишон карданд, таҳримҳои шадиди Эронро мутаваҷеҳи тавоноиҳо ва неруи дарунии худ кард ва дар ҳамин муддати таҳримҳо заминаи пешрафтҳои бисёри барои Эрон муҳаё шуд ва кишвари мо тавонист дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла илм ва фановарӣ, пизишки ва биолужикӣ, ҳаво ва фазо, ҳастаӣ ва нано ба пешрафтҳои шигифтовари даст ёфт.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ о ёдоварии заминаҳои ҳамкории Эрон ва Белорус аз ҷумла дар илм ва фановарӣ, тиҷорат ва фаъолиятҳои сиёсӣ дар маҷомеъи байналмилалӣ ба мавзуъи хати убури шимол ва ҷануб ишора карданду гуфтанд: Роҳандозии хати убури шимол ва ҷануб ба нафъи ду кишвар ва ҳамчунин Русия ва минтақа аст ва бояд ҳардутараф барои роҳандозии он талош кунанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хотирнишон карданд тавофуқҳо ва ҳарфҳо набояд дар ҷаласот ба поён бирасад балки бояд бо пайгириҳои вижа ва замонбандии мушахас ба марҳалаи иҷро бирасад.

Раиси Ҷумҳурии Белорус низ дар ин дидор бо ибрози хурсандии фаровон аз дидор бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфт: Эрон дар даврони таҳримҳо ба таҷрубиёт ва пешрафтҳои шигифтовари даст пайдо карда аст ва мо муътақидем, ки агар аз шароити таҳрим ба дурусти истифода шавад метавонад як фурсати барои пешрафт бошад, ҳадафи ман аз ин сафар ба Эрон ошноӣ наздик бо дастовардҳои Эрон аст.

Барчасп